Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт(ъ) - Абна - Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Милал субҳи сешанбе бори дигар дар бораи вазъияти инсонии фоҷиабори Навори Ғазза ҳушдор дод.
Ин ниҳод дар баёнияе гуфт: «Тарҳи низомии Исроил дар шаҳри Ғазза таъсири фоҷиаборе бар вазъияти инсонӣ хоҳад дошт. Маҷбур кардани садҳо ҳазор нафар ба фирор, дастуруламале барои фоҷиа буда ва мумкин аст ба оворагии иҷборӣ мунҷар шавад».
Шабакаи «Ал-Ҷазира» ба нақл аз баёния гузориш дод: «Мо тааҳуди худро барои хидмат ба мардуми Ғазза таъйид мекунем ва барои ироаи пуштибонӣ дар шаҳри Ғазза ҳузур хоҳем дошт».
Ин созмон бо баёни ин ки тақрибан 86% аз Навори Ғазза дар ҳоли ҳозир таҳти дастури тахлия ё минтақаҳои низомии артиши режими саҳюнистӣ аст, тавзеҳ дод: «Мо ба дастрасии бидуни монеъ ба тамоми нуқоти Ғазза ва вуруди тадорикот тавассути тамоми гузаргоҳҳо ниёз дорем».
Тибқи ин гузориш, ин баёния ҳамчунин афзуд: «Бемористонҳои ҷануби Навори Ғазза бо ду баробари зарфияти худ фаъолият мекунанд ва пазириши беморон аз шимол оқибатҳои вахиме хоҳад дошт».
Your Comment